Декабр 11, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Иттиҳодияи Африқо дар бораи бозгашти эҳтимолии ДИИШ ба ин қорра

Комиссияи сулҳу амнияти Иттиҳодияи Африқо дар бораи бозгашти эҳтимолии аъзои африқоии ДИИШ ба ин қорра ҳушдор дод.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, ин комиссия дар нишасте бо мавзуи мубориза бо терроризм дар Алҷазоир эълом кард, беш аз шаш ҳазор африқоӣ, ки дар Ховари Миёна ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста буданд, эҳтимолан ба Африқо бозгарданд .

Иттиҳодияи Африқо бозгашти террористҳои африқоии узви ДИИШ аз Ироқу Сурия ба Африқоро барои амнияту суботи ин қорра таҳдиде ҷиддӣ донист ва ҳамкории наздик аз ҷумла табодули иттилооти кишварҳои африқоиро барои мубориза бо он талабид .