Декабр 12, 2017 15:04 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши давлати ваҳдати миллӣ ва Маҷлиси Афғонистон ба изҳороти Ҳикматёр

Раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллӣ ва шуморе аз намояндагони Маҷлиси Афғонистони суханони ахири раиси Ҳизби исломии ин кишварро маҳкум карданд.

Абдулло Абдулло дар вокуниш ба изҳороти ахири Гулбуддин Ҳикматёр гуфт: Масоили тафриқаангез ба ноамнӣ дар Афғонистон доман мезанад .

Вай афзуд: Тафриқаи қавмӣ ва мазҳабӣ ҳечкадом ба нафъи Афғонистон нест ва боиси хушҳолии душманон мешавад .

Ҳикматёр рӯзи якшанбе дар ҷамъи ҳаводорони худ дар шаҳри Хост зимни ҳимоят аз гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ гуфта буд, ки Покистон аз ҷанги Афғонистон бештарин зиёнро дидааст .

Ҳикматёр дар ҳоле аз саркардаи гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ ҳимоят кардааст, ки мақомоти афғон ҳамвора ин гурӯҳи такфириро омили ҳамалоти хунин дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон медонанд .

Ҳикматёр гуфта буд, ҷамъияти шаҳристони Задрон дар вилояти Хост беш аз вилоятҳои Панҷшер, Дойкундӣ ва Бомиён аст, аммо ин шаҳристон ҳеч курсии давлатӣ дар ихтиёр надорад.

Шуморе аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон низ дар вокуниш ба ин изҳороти Ҳикматёр гуфтаанд, онҳое, ки ба таассуботи қавмиятӣ доман мезананд ва рӯҳу равони мардумро ҳадаф қарор медиҳанд низ террористу хоин ба мардум ҳастанд .

Ин намояндагони Маҷлиси Афғонистон Ҳикматёрро муттаҳам кардаанд, ки бо ҳадафи ба даст овардани ҷойгоҳи сиёсӣ барои худ талош мекунад, вилоятҳо ва қавмиятҳои Афғонистонро дар муқобили ҳам қарор диҳад .