Декабр 12, 2017 17:49 Asia/Dushanbe
  • Туркия: Дигар низоми Сурияро таҳдид намедонем

Вазири умури хориҷии Туркия гуфтааст, Анкара дигар низоми Сурияро таҳдид намедонад.

Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”, вазири умури хориҷии Туркия ҳамчунин гуфтааст: “Дар сурати зарурат бо Русия дар амалиёт алайҳи нерӯҳои курди Сурия ҳамоҳанг мешавем”. Ӯ афзуд, Туркия бо мушорикати курдҳо дар роҳҳалли сиёсии Сурия мухолифате надорад, аммо феҳрасти гурӯҳҳои курдиро, ки метавонад бо онҳо таомул дошта бошад, таҳвили Русия хоҳад дод.

Шаҳри Африн, ки дар контроли воҳидҳои мудофеи халқи курд қарор дорад, аз дербоз яке аз муҳимтарин мавзӯоти дастури кори давлати Анкара ба шумор меравад ва Туркия дар садади ақиби рондани нерӯҳои курд аз ин шаҳр аст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳафтаи гузашта дар дидор бо қонунгузорони Ҳизби тавсеа ва адолат гуфт, Амрико ба Анкара ваъда дода буд, мусаллаҳ сохтани нерӯҳои курди Сурияро мутаваққиф мекунад, аммо акнун ин ваъдаи худро зери по гузоштааст.

Вазири умури хориҷии Туркия дар бахши дигаре аз изҳороти имрӯзааш ба мавзӯи тасмими Вашингтон барои ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ пардохта гуфт, вокуниши бархе кишварҳо ба ин тасмими Вашингтон қотеъ набудааст.