Декабр 12, 2017 21:07 Asia/Dushanbe
  • Дархости додситони Истанбул барои ҳабси абади шаш рӯзноманигор

Додситони кулли Истанбул муҷозоти ҳабси абадро барои шаш рӯзноманигори Туркия хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин идда аз рӯзноманигорон ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен, ки давлати Туркия онро омили аслии табаддулоти нофарҷоми моҳи июли соли 2016-и ин кишвар медонад, муттаҳам ҳастанд.

Зиндонӣ шудани беш аз 150 хабарнигор пас аз табаддулот дар Туркия мӯҷиби вокунишу интиқодҳои васеъ дар сатҳи ҷаҳон шуда ва бино ба эъломи Созмони гузоришгарони бидуни марз, Туркия имсол бо аз даст додани чаҳор рутба нисбат ба соли 2016 дар раддаи 155-и ҷаҳонии озодии расона қарор гирифта, дар муқоиса бо 12 соли қабл низ 56 рутба уфт доштааст.

Бо гузашти наздик ба 17 моҳ пас аз табаддулоти нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 Ҳукумати Туркия ҳамчунон ба маҳдудсозии расонаҳои мунтақид идома медиҳад. Давлати Анкара дар ин муддат бо барқарории вазъияти фавқулодда пас аз кудато, ки барои шашумин бор тамдид шуда, даҳҳо расонаро таътил ва даҳҳо хабарнигору рӯзноманигорро зиндонӣ кардааст.