Август 20, 2016 15:20 Asia/Dushanbe
  • Силии мақоми рус бар сурати варзишкори ноком дар Рио

Раиси Федератсияи варзишҳои размии Русия, ки гуштӣ низ зери маҷмӯаи он аст, як духтари гуштигири ин кишварро дар риштаи гуштии фарангӣ, ки дар мусобиқоти Рио-2016 ноком шуд, бо силӣ задан бар рӯяш танбеҳ кард.

Ба гузориши ИРНА, хонум Инна Тражукова, варзишкори риштаи гуштии фарангии Русия дар вазни 63 кило гуфтааст, аз рӯйи Мамаишвили ба иллати ин ки ӯро дар муқобили ҷамъ шаллоқ задааст, шикоят хоҳад кард.

Шабакаи дувуми телевизионии Русия имрӯз, шанбе, гузориш дод, пас аз ин ки варзишкори рус дар рақобатҳои гуштии фарангии занон дар олимпиадаи Бразилия натавонист муқобили рақиби лаҳистонӣ медали биринҷиро касб кунад, Мамаишвили бар асари хамш, ҳамчунин таҳти таъсири масрафи машруботи спиртӣ дар баробари дигарон ба гуштигири ноком силӣ задааст.

Тражукова гуфтааст, пас аз бозгашт ба Маскав қасд дорад, аз Мамаишвили шикоят кунад ва Виталий Мотко, вазири варзиши Русия низ эълом кардааст, масъалаи пешомадаро баррасӣ хоҳад кард. Аз сӯйи дигар Мамаишвили, ки аз соли 2001 раиси Федератсияи варзишҳои размии Русия аст ва дар афкори умум ба унвони қаҳрамони миллӣ шинохта мешавад, далели хушунати худро талош накардани Тражукова барои касби пирӯзӣ ва хандидани ӯ пас аз шикаст эълом кардааст.