Истиқрори ДИИШ дар наздикии марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вазорати кишвари Афғонистон аз оғози таҳқиқи хабарҳое бино бар истиқрори шибҳи низомиёни хориҷӣ дар қолаби гурӯҳи террористии ДИИШ, дар шимоли ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Afghanistan.ru”, тайи рӯзҳои ахир хабарҳое, аз ҷумла дар мавриди устони Ҷузҷон мунташир шудааст, ки дар онҷо аъзои ДИИШ аз кишварҳои Покистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Фаронса ҳузур доранд.
Дар ҳамин замина Лутфуллоҳ Азизӣ, сухангӯи устодории Ҷузҷон гуфтааст, теъдоде аз ҷангҷӯёни хориҷӣ, ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар шаҳристони Дарзоби ин устон мустақар шудаанд.
Устони Ҷузҷон ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Мақомот ва мардуми Афғонистон мӯътақиданд, Амрико ва Ғарб пушти моҷарои интиқоли ДИИШ ба шимоли Афғонистон қарор доранд.