Маскав нигарони бозгашти диишиҳо ба Русия
Мақомоти Маскав нигарони бозгашти террористҳо аз Сурия ва Ироқ барои иҷрои ҳамалоти террористӣ дар замони баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол ва интихоботи раёсатҷумҳурии 2018 дар Русия ҳастанд.
Александр Бортников, мудири сервиси амниятии федерали Русия дар нишасти кумитаи мубориза бо терроризми ин кишвар гуфт: Бозгашти террористҳои ДИИШ, хатаре воқеист, зеро ин афрод шояд бондҳои табаҳкор ва ё гурӯҳакҳои террористии ҷадид ташкил диҳанд .
Вай афзуд: Бо озодсозии охирин пойгоҳҳои ДИИШ ба дасти нерӯҳои давлатии Сурия бо пуштибонии артиши Русия, аъзои ин гурӯҳ барои идомаи фаъолиятҳои террористӣ мекушанд, ба дигар кишварҳо ба вижа Русия роҳ ёбанд .
Бортников гуфт, барои тазмини амнияти 13 шаҳри мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол тадобири лозим иттихоз хоҳад шуд ва муҳимтарин барнома, ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористӣ дар варзишгоҳҳо, маҳалли иқомати варзишкорон ва зерсохтҳои ин шаҳрҳост .
Русия соли 2018 дар моҳи март интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор хоҳад кард ва аз 14 июн то 15 июл низ мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол хоҳад буд .