Декабр 13, 2017 20:39 Asia/Dushanbe
  • Дархости уламои Алазҳар барои ҳимояти молӣ аз интифозаи Фаластин

Ҳайъати уламои баландпояи Алазҳари Миср, ҳимояти молӣ аз интифозаи Фаластинро хостор шуд.

Ба нақл аз шабакаи Алманор, ҳайъати уламои баландпояи Алазҳар пас аз баргузории нишасте изтирорӣ барои баррасии тасмими давлати Амрико барои ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими Исроил, дар баёнияе таъкид кард, ки ҳуввияти фаластинии Қудс қобили тағйир нест .

Ин ҳайъат аз ҳамаи давлатҳову созмонҳои арабӣ ва исломӣ хост, ба вазоифи худ дар қиболи Қудсу Фаластин амал кунанд ва тамоми иқдомоти сиёсӣ ва қонунии лозимро барои ботил кардани ҳаргуна тасмими зиддифаластинӣ анҷом диҳанд .

Ҳайъати уламои баландпояи Алазҳар ба таври мушаххас хостори ҳимояти молӣ аз интифозаи Фаластин ба унвони бахше аз иқдомоти лозим дар дифоъ аз Қудс шуд .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳафтаи пеш Қудсро пойтахти режими Исроил эълом кард ва ба давлаташ дастур дод, муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудсро фароҳам кунад .