Декабр 13, 2017 21:55 Asia/Dushanbe
  • Могеринӣ: Сафоратхонаҳои аврупоӣ ба Қудс мунтақил намешавад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ҳеч кишваре дар Иттиҳодияи Аврупо Қудсро ба унвони пойтахти режими Исроил ба расмият намешиносад.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира Мубошир, Федерика Могеринӣ дар Нишасти Парлумони Аврупо дар Брюссел гуфт: Иттиҳодияи Аврупо дар бораи Қудс мавзеи ҳамоҳангу шаффофе дорад ва ҳеч кишваре дар ин иттиҳодия сафораташро аз Тел-Авив ба ин шаҳр мунтақил нахоҳад кард .

Могеринӣ гуфт: “Ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил тавзеҳ додаам, дар бисёре аз масоил бо ӯ иттифоқи назар надорем”.

Раисҷумҳури Амрико шашуми декабр эълом кард, Амрико Қудсро ба унвони пойтахти режими Исроил ба расмият мешиносад ва сафорати худро ба ин шаҳр мунтақил мекунад .

Нетаняҳу ёздаҳуми декабр бо ҳузур дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел муддаӣ шуд, ки ин иқдоми Трамп имкони дастёбӣ ба сулҳ дар Ховари Миёнаро афзоиш додааст .