Декабр 15, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Ғарқ шудани киштии ҳомили беш аз панҷоҳ муҳоҷир дар ғарби Туркия

Як киштии ҳомили 51 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар баҳри Эгей, дар наздикии шаҳри соҳилии Дикилии вилояти Измири Туркия ғарқ шуд.

Ба гузориши “Франс пресс”, Горди соҳилии Туркия рӯзи ҷумъа бо эъломи ин хабар ҳамчунин гузориш дод, дар пайи ғарқ шудани ин киштӣ нерӯҳои Горди соҳилии Туркия ҳама 51 нафар муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 15 кӯдакро наҷот доданд. Гуфта мешавад, иддае аз афроди наҷотёфта шаҳрвандони Сурия, Афғонистон, Ангола ва Сомалиянд.

Савоҳили Туркия дар баҳри Миёназамин, бахусус баҳри Эгей кӯтоҳтарин масири муҳоҷират ба Аврупо аст.

 

Барчасп