Декабр 16, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Идомаи маҳкумияти иқдоми зиддиисломии Трамп дар Афғонистон ва Покистон

Гурӯҳи дигаре аз шаҳрвандони Покистон ва Афғонистон, иқдоми зиддиисломии Трамп дар хусуси ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

Дар пайи тасмими Доналд Трамп мабни бар интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас, мардуми Покистон пас аз иқомаи намози ҷумъа дар шаҳри Исломобод, ба ин иқдом эътироз ва тазоҳурот карданд.

Мардуми Покистон ҳамчунин дар шаҳрҳои Карочӣ, Лоҳур, Кувейта ва Пишовар, эътирози худро ба тасмими Трамп эълом карданд ва бо додани шиорҳои марг бар Амрико ва марг бар режими саҳюнистӣ, одамаки Трамп ва парчамҳои Амрико ва Исроилро ба оташ кашиданд.

Дар ҳамин ҳол ҳазорон тан аз мардуми Афғонистон дар шаҳрҳои дар Кобул ва Парвон низ дар эътироз ба тасмими Трамп дар хусуси ба расмият шинохтани шаҳри Қудс ба унвони пойтахти режими ишғолгари Қудс, тазоҳурот ва онро маҳкум карданд.

Ба гузориши ИРНА, ҳазорон нафар аз мардуми Кобул пойтахти Афғонистон дирӯз баъд аз иқомаи намозии ҷумъа дар эътироз ба тасмими Трамп бо фарёди зиндабод Ислом, марг бар Амрико ва бо оташ кашидани парчами Амрико ва режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Шаҳрвандони устони Парвон низ бо баргузории тазоҳуроти густурда, хашм ва танаффури худро дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи Амрико эълом карданд.

Ду рӯзи гузашта, низ садҳо нафар аз мардуми устонҳои Каписо, Нангарҳор ва Ғазнӣ дар ҳимоят аз Қудси шариф ва маҳкумияти тасмими Трамп тазоҳурот карданд.

Раисиҷумҳури Амрико шашуми декабр, Қудсро ба унвони пойтахти режими ҷаълии Исроил эълом кард, ки ин иқдоми вай бо мухолифат ва вокунишҳои густурдаи мардумӣ, сарони кишварҳо ва маҷомеи байналмилалӣ рӯбарӯ шуд.

 

Барчасп