ДИИШ масъули инфиҷори террористӣ дар шаҳри Кветтаи Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27041-ДИИШ_масъули_инфиҷори_террористӣ_дар_шаҳри_Кветтаи_Покистон
Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти инфиҷор дар маркази иёлати Балучистони Покистонро бар ӯҳда гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 18, 2017 12:56 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъули инфиҷори террористӣ дар шаҳри Кветтаи Покистон

Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти инфиҷор дар маркази иёлати Балучистони Покистонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "APTN", дар ҳамлаи рӯзи  якшанбеи чаҳор террорист ба клисое дар шаҳри Кветтаи Покистон, 9 нафар кушта ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

Муҳоҷимон пас аз вуруд ба дохили калисо камарбандҳои худро мунфаҷир карданд, ки дар ин ҳодиса ду нафар аз террористҳо кушта, вале ду террористи дигар фирор карданд.

Шаҳри Кветта аз шаҳрҳои ноамни ҷанубу ғарби Покистон аст, ки токунун садҳо нафар аз мусулмонони ин кишвар дар ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ ҷон бохтаанд.