Декабр 18, 2017 16:49 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сарони ниҳодҳои вижаи ИДМ дар Маскав

Нишасти шӯрои сарони ниҳодҳои вижаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), 19-20 декабр ба мизбонии Русия дар Маскав, пойтахти ин кишвар баргузор мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, сарони ниҳодҳои вижаи ИДМ дар ин нишаст, дар бораи барномаҳои маркази зиддитеррористии ин иттиҳод барои соли 2018, масоили марбут ба афзоиши асарбахшии кори Шӯрои сарони ниҳодҳои вижа ва барномаи кори ин Шӯро барои соли оянда, баҳсу гуфтугӯ хоҳанд кард .

Ҳамчунин дар ин иҷлос, натоиҷи Нишасти 4 Комиссияи кории Шӯрои сарони ниҳодҳои вижаи ИДМ дар заминаи ҳамкориҳои илмӣ ва фаннӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон ҷамъбандӣ мешаванд .

Баёнияи таъсиси ИДМ, ки пас аз фурупошии Шӯравӣ шакл гирифт, 21 декабри 1991 дар Алмаатои Қазоқистон тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд .