Декабр 20, 2017 17:48 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон, сеюмин кишвари хатарноки ҷаҳон барои хабарнигорон

Созмони гузоришгарони бидуни марз, Афғонистонро сеюмин кишвари хатарноку ноамни ҷаҳон барои хабарнигорон муаррифӣ кард.

Созмони гузоришгарони бидуни марз эълом кард: Афғонистон пас аз Сурия ва Мексика сеюмин кишвари ноамну хатарноки ҷаҳон барои хабарнигорон аст .

Соли ҷорӣ 65 хабарнигор дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, ки 12 нафар аз онҳо дар Сурия, 11 хабарнигор дар Мексика ва 9 хабарнигор дар Афғонистон будааст .

15 дарсад аз хабарнигорони кушташуда дар саросари ҷаҳон зан буданд .

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи хабарнигорон дар Афғонистон низ соли ҷориро хунинтарин сол барои коркунони расонаҳои ин кишвар эълом кардааст .