Декабр 21, 2017 22:11 Asia/Dushanbe
  • Путин дар интихоботи марти 2018 чанд рақиб дорад?

Комиссияи марказии интихоботи Русия аз эъломи номзадии 34 нафар барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯзи панҷшанбе эълом кард, токунун 34 нафар барои номзадии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, ибрози тамоюл кардаанд.

Бар асоси натоиҷи назарсанҷиҳо, 70 дарсад шаҳрвандони Русия тасмим ба ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ гирифтаанд.

Комиссияи марказии интихоботи Русия эълом кардааст, теъдоде аз тариқи аҳзоб ва бархе дигар низ ба таври мустақил ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ, сабти ном мекунанд.

Вазорати додгустарии Русия низ эълом кардааст, ки дар маҷмӯъ 67 ҳизб дар Русия ҳаққи муаррифии номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ доранд.

Бар асоси қонуни Русия, ҳизбҳои парлумонӣ шомили ҳизби “Русияи Воҳид”, “Русияи одил”, Ҳизби коммунист ва Ҳизби либерал-демократ аз ҷамъоварӣ ва ироаи имзои ҳомиёни худ, маоф ҳастанд ва бақияи ҳизбҳо бояд 100 ҳазор имзо барои номзади мавриди ҳимояти худ, ҷамъоварӣ ва ба Комиссияи марказии интихобот ироа диҳанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, 18 моҳи марти 2018 баргузор мешавад ва Владимир Путин, раисиҷумҳурии кунунӣ, дар ин интихобот низ номзад шудааст.