Ҷиноёти Арабистон дар Яман бо гулӯлаҳои шимиёӣ
Арабистон минтақае аз Санъо, пойтахти Яманро бо гулӯлаҳои шимиёӣ ҳадаф қарор дод.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии "Хабар"-и Яман, мутаҷовизони арабистонӣ шанбешаб минтақаи "Нуҳум", аз тавобеъи устони Санъо ва рӯстоҳои атрофи онро ҳадафи гулӯлаҳои дорои маводи шимиёӣ қарор доданд, ки дар ин ҳамалот, сокинони ин манотиқи дучори ҳолати заъф ва беҳӯшӣ шуданд.
Истифодаи мутаҷовизони Саудӣ аз гулӯлаҳои шимиёӣ бесобиқа буда ва бо вуҷӯди ин ки аз моҳҳо пеш, ин манотиқ ҳадафи ҳамалоти Саудӣ қарор дошт, ба назар мерасад ин навъи силоҳҳо ба тозагӣ ба маҷмӯъаи силоҳҳои мавриди истифодаи онон изофа шудааст.
Дар айни ҳол, ҷангандаҳои Саудӣ шаҳри Катоф дар устони Саъдаро низ бомбаборон карданд.
Аз сӯи дигар, артиш ва нерӯҳои мардумии Яман, пешравии муздӯрони Саудӣ дар минтақаи Малеҳ шаҳри "Нуҳум"-ро дафъ карданд, ки дар ин амалиёт, шуморе аз муздӯрон кушта ва бархе захмӣ шуданд.
Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман ҳамчунин мавозеъи низомиёни Саъудиро дар Ҷизон Алхуба ва минтақаи Сақам дар Наҷрон дар ҷануби Арабистон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд.
Арабистон бо ҳамкории бархе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳамроҳии Амрико аз 26 марти 2015 ҳамалоти густардаеро ба Яман оғоз кардааст, ки бар асари ин ҳамалот ҳазорон яманӣ кушта ва захмӣ шудаанд.