Декабр 23, 2017 17:50 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ соли 2018 аз ЮНЕСКО хориҷ мешавад

Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз хориҷ шудани ин режим аз Созмони омӯзишӣ, илмӣ, фарҳангии Милали Муттаҳид (UNESCO) хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал Маёдин”, расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, ин режим дар соли 2018 аз ЮНЕСКО хориҷ хоҳад шуд.

Пеш аз ин Амрико бо ин баҳона, ки ЮНЕСКО, душмани режими саҳюнистӣ аст, аз ин созмон хориҷ шуда буд.

ЮНЕСКО дар қатъномае бо таъкид бар инки ин режим ҳеҷ моликияте бар Байтулмуқаддас надорад, ҳаффориҳои онро дар Қудси ишғолӣ маҳкум карда буд.

Шаҳри муқаддаси Қудс аз соли 1967 дар ишғоли режими саҳюнистӣ аст.

«ЮНЕСКО», ҳамчунин моҳи майи гузашта бо тасвиби қатъномае, режими саҳюнистиро ба нақзи қавонини байналмилалӣ дар Байтулмуқаддас ва борикаи Ғазза маҳкум карда ва аз он, ба унвони «неруи ишғолгар» ном бурда буд.

 

 

Барчасп