Декабр 24, 2017 13:35 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Таҳримҳои Амрико бепосух намемонад

Вазорати умури хориҷаи Русия таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Маскавро бепоя донист ва эълом кард, таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Маскав, бидуни посух намемонад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон, зимни тақбеҳи таҳримҳо, эълом кард, Русия ҳаққи интихоби иқдомот барои посухи мутақобил ба таҳримҳои Амрикоро барои худ маҳфуз медорад.

Ӯ далоили Амрико барои таҳрими чанд шаҳрванди дигари рус, аз ҷумла Рамазон Қадиров, раисиҷумҳури Чеченро музҳик хонд ва гуфт, Амрико токунун 402 шахсияти ҳуқуқӣ, шомили мақомҳои сиёсӣ ва мудирони ширкатҳо ва 195 шаҳрванди оддии русро таҳрим кардааст.

Ғарб аз соли 2014 бар сари буҳрони Украина, чанд бастаи таҳрим алайҳи Русия вазъ кардааст.