Декабр 25, 2017 19:04 Asia/Dushanbe

Бузургтарин расми вилодати Исо Масеҳ дар Ривераи Италия рӯнамоӣ шуд.

Ба нақл аз шабакаи RAI Италия, расми вилодати Исо Масеҳ, ки бо истифода аз 15 ҳазор ламп бар рӯи теппае дар минтақаи Ривераи Италия тарроҳӣ шуда, ҳамзамон бо ҷашнҳои Крисмас рӯнамоӣ шуд .

Марио Андроулли, корманди бознишастаи роҳи оҳан, тарроҳӣ ва сохти ин асари ҳунарии мунҳасир ба фардро пас аз бознишастагӣ дар соли 1976 оғоз ва дар ниҳоят дар соли 2017 онро такмил кард .

Ин асар, ки дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шуда, комилан бо муҳити зист созгор аст ва аз соли 2007 бо истифода аз сомонаи табдили энержии хуршедӣ ба барқ равшан мешавад .

Маросими рӯнамоии имсол ба иллати номусоид будани шароити ҷавӣ ду бор ба таъхир афтод ва намоиши он то поёни январ ва ё авоили феврали 2018 идома дорад .