Август 21, 2016 18:03 Asia/Dushanbe
  • Тазъифи вазъияти рӯҳӣ ва равонии ДИИШ дар Ироқ

Шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ, рӯҳияи ин гурӯҳи террористиро тазъиф кардааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи пойгоҳи ироқии "Савмария нюс", бо шикастҳои ахири ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ ва ба дунболи тазъифи рӯҳияи террористҳо, ДИИШ ду саркардаи аслии худ дар Ҳувайҷаи Ироқро эъдом ва 30 дииширо дастгир кард.

Ҷаббор Маъмурӣ, аз фармондеҳони "Ҳашд-аш-Шаъбӣ"-и Ироқ эълом кард, ДИИШ ду нафар аз саркардагони худ дар Ҳувайҷаро ба сабаби дархости онон барои ақибнишинии афроди ДИИШ аз Ҳувайҷа эъдом кард ва 30 нафари дигар аз афроди худро ба сабаби нақш доштан дар нооромиҳои даруни гурӯҳӣ дастгир ва ба Мусил мунтақил кард.

Аз сӯйи дигар, артиши Ироқ бо ҳавопаймо миллионҳо иттилоия дар шаҳри Мусил пахш кардааст ва аз мардуми шаҳр хостааст, омодаи озодии Мусил бошанд.

Артиши Ироқ дар баёнияе эълом кард, ба шаҳрвандони Мусил итилоъ дода шуд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ ба поёни худ расида ва охирин рӯзҳои худро мегузаронад ва онҳо бояд омодаи истиқбол аз воҳидҳои артиши Ироқ барои ғалаба бар гурӯҳҳои террористӣ бошанд.

Нерӯҳои пешмаргаи курд бо ҳимояти нерӯҳои эътилоф ва нерӯҳои артиши Ироқ аз ҳафтаи гузашта амалиётеро дар меҳварҳои мухталиф дар ҷануб ва шарқи Мусил ба анҷом расонидаанд.

 

Барчасп