Рӯзномаи амрикоӣ валиаҳди Арабистонро таъна кард
Рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” дар сармақолае ислоҳоти валиаҳди Арабистонро «риёкорона» гуфт.
Рӯзномаи “Вашингтон пост” дар сармақолаи рӯзи душанбеи худ Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро «валиаҳди риёкорӣ» хонд. “Вашингтон пост” бо ишора ба бархе иқдомоти ахири Ибни Салмон, назири судури иҷозаи ронандагӣ барои занон, боздошти бархе шоҳзодаҳои арабистонӣ бо баҳонаи мубориза бо фасод навиштааст, бо ин ҳол, хариди қасри 300-миллиондолларӣ дар Фаронса, харидории як киштии тафреҳӣ ба қимати 500 миллион доллар аз як сарватманди рус ва харидани наққошии Леонардо да Винчи ба қимати 450 миллион доллар нишонаҳое аз риёкории Ибни Салмон дар мубориза бо фасод аст. Рӯзномаи амрикоӣ навиштааст: «Агар Ибни Салмон ҳақиқатан хоҳони нишон додани раҳбарии равшангарона ва замонавӣ аст, бояд дарҳои зиндонро ба рӯйи афроди халлоқе, ки дар даврони ӯ ва пешиниёнаш ноодилона боздошт шудаанд, боз кунад ва бавижа нависандагонеро, ки забон ба интиқод аз ҳукумату тундравҳои таассубӣ гушудаанд, озод кунад».
Ба навиштаи “Вашингтон пост”, Муҳаммад ибни Салмон бояд Рауфи Бадавӣ, блогнавис ва фаъоли ҳуқуқи башарро, ки ба далели ибрози озодонаи назароташ ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, озод кунад.