Декабр 28, 2017 14:11 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 80 куштаву захмӣ дар се инфиҷор дар Кобул

Инфиҷорҳои субҳи имрӯз -панҷшанбе дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон беш аз 80 куштаву захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кард, бар асари се инфиҷори интиҳорӣ дар дафтари як хабаргузорӣ дар ғарби Кобул дастиками 32 нафар ҷон бохтанд ва 53 нафар захмӣ шуданд.

Ин инфиҷорҳо дар сохтмони хабаргузории «Садои афғон» ва маркази фарҳангии «Тибён» рух дод.

Бештари қурбониёни ин ҳамлаи интиҳорӣ ширкаткунандагон дар як нишасти илмӣ - пажӯҳишӣ буданд, ки дар маркази фарҳангии «Тибён» дар ҳоли баргузорӣ буд.

Толибон масъуляти ҳамлаи интиҳорӣ ба дафтари «Тибён»-ро рад кард.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон эълом кард, ҳамла ба дафтари «Тибён» кори ин гурӯҳ набудааст ва онҳо расонаҳоро ҳадаф қарор намедиҳанд.

 Масъулияти ин ҳамалотро то кунун шахс ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.

Маркази «Тибён» як маркази фарҳангӣ - расонаии марбут ба шиаёни Афғонистон аст.