Декабр 28, 2017 16:44 Asia/Dushanbe
  • Андозагирии муштараки қуллаи Эверест - чолиши Непал ва Ҳинд

Давлати Непал бо пешниҳоди Ҳинд барои андозагирии муштараки баландии қуллаи "Эверест” пас аз зилзилаи соли 2015 мухолифат кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ганаш Бата, раиси Созмони нақшабардории Непал имрӯз гуфт, кишвараш қасд дорад, андозагирии қуллаи Эверестро бидуни кумаки Ҳинд ва ё Чин анҷом диҳад, аммо дар ин амалиёт аз онҳо барои дарёфти иттилооти зарурӣ кумак хоҳад хост.

Баландии қуллаи Эверест дар Непал 8848 метр аст. Аммо Созмони илм ва технологияи Ҳинд қаблан эълом карда буд, ки пас аз зилзилаи соли 2015 дар Непал баландии қуллаи Эверест тағйир кардааст. Созмони нақшабардории Ҳинд дар моҳи январи соли 2016 пешниҳоди андозагирии муҷаддади қуллаи Эверестро матраҳ кард. Муҳаққиқоне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон низ муътақиданд, ки зилзилаи мухарриби Непал дар соли 2015 сабаби нишасти 60-сантиметрии қаторкӯҳҳои Ҳимолой шудааст.