Шаҳрдори Лондон: Аз Трамп истиқбол намекунем
(last modified Thu, 28 Dec 2017 15:33:43 GMT )
Декабр 28, 2017 20:33 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдори Лондон: Аз Трамп истиқбол намекунем

Шаҳрдори Лондон, мухолифати худро бо сафари раисиҷумҳури Амрико ба Лондон эълом кард ва гуфт, пас аз истифодаи Трамп аз “Твиттер” барои ҳимоят аз як гурӯҳи ифротӣ дар Бритониё, комилан мушаххас шуд, ки аз вай дар Лондон истиқбол нахоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Содиқ Хон эълом кард, аз Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё дархост кардааст, то пешниҳоди наснҷидаи худ барои сафари расмии Доналд Трамп ба Лондонро лағв кунад.

Иқдоми ахири Трамп, дар бознашри се филми зидди исломии гурӯҳи рости ифротии “Аввали Бритониё” дар “Твиттер”-и худ, мӯҷиби норизоятии густурда дар Бритониё шуд ва дар пайи он, бисёре аз сиёсатмадорони аршади ин кишвар хостори лағви сафари Трамп ба Лондон шуданд.

Гурӯҳи ифротгаро ва нажодпарасти “Аввали Бритониё”, илова бар таблиғоти манфӣ алайҳи мусулмонон дар фазои маҷозӣ, таҷаммуоти эътирозӣ алайҳи мусулмонон дар муқобили масоҷид ва ба роҳ андохтани тазоҳурот дар эъломи мухолифат бо мусулмононро дар корномаи худ дорад.

Ҳарчанд Тереза Мэй ин иқдоми Трампро иштибоҳ тавсиф кардааст, аммо мумкин аст бо вуҷуди маҳкумиятҳои густурда, аз лағви ин сафар, ки эҳтимолан дар феврали 2018 бошад, имтиноъ кунад.