Декабр 29, 2017 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Амрико бинобар таҳримҳои ҷадид алайҳи Маскав

Вазорати умури хориҷии Русия ба Амрико бинобар вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Маскав ҳушдор дод.

Ба гузориши “Спутник”, Мария Захарова, сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Маскав дар сурати эъмоли таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия муқобилаи ба мисл хоҳад кард. Захарова афзуд, Амрико бояд ин ҳақиқатро дарк кунад, ки таомул бо Русия дар ҳама заминаҳо ба нафъаш хоҳад буд. Ӯ иттиҳоми Амрико ба Русия мабнӣ бар нақзи қарордоди осмони бозро беасос дониста афзуд, Амрико бо ин иттиҳомзанӣ ба иқдомоти якҷониба мутавассил шуд, то ҳадди аксари мушкилотро барои анҷоми маъмурияти халабонони рус дар Амрико ба вуҷуд овард. Ба гуфтаи ӯ, Маскав аз аввали моҳи январи соли 2018 тадобири ҷадиде барои посух ба Амрико эъмол мекунад.

Паймони осмони боз дар соли 1992 бо ибтикори Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури пешини Амрико пешниҳод ва имзо шуд, ки бар асоси он, парвозҳои назорати ҳавоии ғайринизомӣ бар фарози осмони кишварҳои узви ин муоҳида сурат мегирад, то густурдагӣ ва шаффофияти фаъолиятҳои нерӯҳои низомии кишварҳои узв маврид баррасӣ қарор гирад.