Декабр 29, 2017 20:07 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Чин барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар мубориза бо терроризм

Вазири дифои Чин дар дидор бо ҳамтои афғони худ аз омодагии ин кишвар барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва афзоиши равобити низомии ду кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Чан Вантсюан дар дидор бо Ториқшоҳ Баҳромӣ эълом кард, артиши Чин барои ҳамкорӣ бо артиши Афғонистон омодааст ва мехоҳад равобити низомии худ бо Афғонистонро афзоиш диҳад. Вазири дифои Афғонистон низ дар ин дидор бо ишора ба равобити дӯстона ва ҳамкориҳои деринаи ду кишвар аз иртиқои сатҳи равобити низомии Кобулу Пекин истиқбол кардааст.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон низ тасреҳ кард, дар дидори вазири дифои Афғонистон бо вазири дифои Чин дар бораи омӯзиши нерӯҳои низомии афғон тавассути артиши Чин ва низ кумаки Чин барои эҷоди воҳидҳои вижаи низомӣ дар манотиқи кӯҳистонии вилояти Бадахшон ва таъмини амнияти манотиқи кӯҳистонӣ дар марз бо Тоҷикистон ва то ҳудуде бо Чин гуфтугӯ шудааст.