Амрико - омили таниш дар равобит байни Маскав ва Вашингтон
Сафорати Русия дар Амрико бо интишори баёнияе дар мавриди лағви сафари ҳайати дипломатии амрикоӣ ба Маскав, эълом кард, ин кишвар омили таниш дар равобит байни Маскав ва Вашингтон будааст.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, сафорати Русия дар Амрико эълом кард, Русия хоҳони аз саргирии равобити парлумонӣ байни ду кишвар аст, дар ҳоле, ки Кохи Сафед дар қатъи ҳамкориҳо дар ин арса пешгом будааст.
Сафорати Русия дар Амрико, талоши Амрико барои инки лағви сафари ҳайати Кангресси ин кишвар ба Русияро багӯнае ҷилва диҳад, ки гӯё тарафи русӣ дар ин масъала муқассир буда, муғризона хонд.
Қарор буд, ҳайати амрикоӣ, аз ҷумла сенаторҳо Ҷон Барако ва Рон Ҷонсон дастёрони онҳо ба Русия сафар кунанд, аммо ин сафар лағв шуд.
Амрико дар се соли ахир дар масъалаи Украина ва низ дар чорчӯби чанд қонуни таҳримӣ, садҳо нафар аз мақомҳо ва шаҳрвандони русро таҳрим карда ва Маскав низ ба ин таҳримҳо посухи мутақобил додааст.