Январ 01, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • Дархости Шайхи Алазҳар барои кумак ба мусулмонони Фаластин ва Мянмар

Шайхи Алазҳари Миср эълом кард, бояд барои ҳимоят аз фаластиниёну мусулмонони Роҳингия дар Мянмар иқдоми байналмилалӣ сурат гирад.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алявм Алсобеъ, Аҳмад Алтайиб бо судури паёме ба муносибати соли нав гуфт, саркубии мусулмонони Мянмар, ишғолу поймол кардани ҳуқуқи фаластиниён ва ғорати муқаддасоти он, бояд дар соли ҷадид дар садри таваҷҷуҳ қарор бигиранд .

Аҳмад Алтайиб ҳамчунин дар паёми худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои коромади он хост, барои дастёбӣ ба ҷаҳоне орӣ аз фақру гуруснагӣ, иқдоме муассир анҷом диҳанд .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 6 декабри 2017 бо вуҷуди мухолифати густардаи ҷаҳонӣ эълом кард, Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад ва дастур дод, сафорати Вашингтон дар Тел-Авив ба Қудс мунтақил шавад .

Артиши Мянмар ва шибҳнизомиёни тундрави будоӣ низ аз 25 августи ҷиноятҳо ва куштори ҷамъиро алайҳи мусулмонони Роҳингия дар минтақаи Рахини ғарби Мянмар муртакиб шуданд .