Паёми твиттерии зиддиисломии сиёсатмадори олмонӣ барояш дардисарсоз шуд
Сафҳаи твитерии сиёсатмадори ифротгарои олмонӣ ба далели интишори паёми зиддиисломӣ ба таври муваққат таълиқ шуд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, Беатрикс фон Штрух аз Ҳизби ифротгарои алтернатива барои Олмон (AFD) табрики твиттерии як корманди пулиси Кёлнро бо забон арабӣ ба муносибати Соли Нав маҳкум карда буд. Хонум Фон Штрух навишта буд, пулиси Кёлн табрики солинавиро бо забони арабӣ барои ҷалби назари "мардони мусалмони мутаҷовиз" мунташир кардааст. Дар пайи ин паёми твиттерии намояндаи ифротгарои парлумони Олмон “Твиттер” саҳифаи ӯро ба муддати 12 соат баст.
Пулиси Олмон дар ҳоли баррасии ин масъала аст, ки оё ин намояндаи тундрав бояд ба нафратпароканӣ муттаҳам шавад, ё на.
Фон Штрух дар моҳи июни соли 2017 ҳам ба пурсише дар “Фейсбук” дар бораи ин ки “оё метавон ба занону кӯдаконе, ки саъй мекунанд, аз марзи Олмон убур кунанд, шиллик кард?”, ҷавоби мусбат дода буд.
Олмон қавонини сахтгиронаеро дар заминаи ибрози ақида ба иҷро гузоштааст, ба ин тартиб ки шабакаҳои иҷтимоӣ, ки суханони нафратпарокананда ва ғайриқонуниро зарфи 24 соат пок накунанд, то 50 миллион евро ҷарима хоҳанд шуд.