Январ 02, 2018 20:34 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон барқи содиротӣ ба Афғонистонро қатъ кард

Ширкати миллии барқи Афғонистон мавсум ба Бришно эълом кард, давлати Туркманистон барқи содиротии худ ба вилоятҳои Ҳирот, Сари Пал, Ҷузҷон ва Форёбро қатъ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати Бришно гуфт, барқи содиротии кишвари Туркманистон ба Афғонистон аз рӯзи душанбе қатъ шудааст. Ӯ гуфт, кишвари Туркманистон хостори афзоиши саддарсадии қимати барқи содиротии худ ба Афғонистон аст, аммо Афғонистон ин мизони афзоиши қимати барқ аз Туркманистонро напазируфтааст. Тавҳидӣ афзуд, пеш аз ин дар бораи афзоиши қимати барқ бо Туркманистон гуфтугӯҳо идома дошт, аммо ин кишвар бидуни ин ки мунтазири натиҷаи музокирот шавад, барқи содиротӣ ба Афғонистонро қатъ кардааст.