Январ 03, 2018 17:23 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои амният ҳам Амрикоро ба ҳисоб наёвард

Раиси давраии Шӯрои амният эълом кард, баргузории нишаст дар бораи ҳаводиси Эрон дар дастури кори ин шӯро қарор надорад.

Ғайрат Умаров, намояндаи Қазоқистон дар Созмони милали муттаҳид, ки кишвараш раёсати давраии Шӯрои амниятро дар январи 2018 бар уҳда дорад, эълом кард, ин шӯро дар ҳоли ҳозир қасд надорад, дар бораи авзои дохилии ҷумҳурии исломии Эрон нишасте баргузор кунад .

Вай афзуд: Агар яке аз аъзои Шӯрои амният мехоҳад, ин масъаларо матраҳ кунад, барои гуфтугӯ дар бораи он омодагӣ дорем, аммо мавзуи Эрон дар дастури кори Шӯрои амният нест .

Умаров гуфт, ки Ники Ҳейлӣ, намояндаи Амрико дар Созмони милали муттаҳид бо ӯ дар бораи имкони баргузории нишасти Шӯрои амният бо мавзуи Эрон гуфтугӯ кардааст .

Теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон аз панҷшанбеи ҳафтаи гузашта бо баргузории таҷаммуъу сар додани шиорҳе, ба таъини таклиф нашудани молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳо эътироз карданд, аммо дар бархе шаҳрҳо ин эътирозҳо бо ҳузури фурсатталабон ба ошуб кашида шуд ба тавре, ки амволи умумӣ ва сармояҳои хусусии шаҳрвандон осеб дид.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар иқдоме мудохилаҷуёна бо интишори изҳороте дар Твиттер бо ошубталабон ҳамроҳ шуду мардуми Эронро гурусна хонд .

Имрӯз мардуми чандин шаҳри Эрон дар эътироз ба рафторҳои ошубталабонаи гурӯҳе, ки эътирозҳои маданиро ба хушунат кашиданд ва низ дар эътироз ба беэҳтиромии раисҷумҳури Амрико роҳпаймоӣ баргузор карданд .