Январ 05, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ - масъули инфиҷори Кобул

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи шаби панҷшанбе ба нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Кобулро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши “Рейтерз”, сойти хабарии вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ мавсум ба “Аъмоқ” масъулияти ҳамлаи инфиҷории шомгоҳи панҷшанбе дар Кобул, пойтахти Афғонистонро ба уҳда гирифт. Бар асоси гузоришҳо, дар ҳамлаи террористии шаби панҷшанбеи як омили интиҳорӣ ба нерӯҳои пулиси Кобул дастикам 20 тан кушта ва 20 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Террористҳои такфирии ДИИШ ҳудуди 80 танро дар як ҳафтаи ахир дар ҳамалоти террористӣ дар Кобул ва Нангарҳор ба хоку хун кашидаанд.

 

Барчасп