Мамнӯъ шудани истифода аз телефони ҳамроҳи шахсӣ дар Кохи Сафед
(last modified Fri, 05 Jan 2018 15:17:16 GMT )
Январ 05, 2018 20:17 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯъ шудани истифода аз телефони ҳамроҳи шахсӣ дар Кохи Сафед

Аз ҳафтаи оянда кормандони Кохи Сафед дигар иҷоза нахоҳанд дошт, аз гӯшиҳои ҳамроҳи шахсии худ дар дохили сохтмони Кохи Сафед истифода кунанд.

Ба гузориши “Спутник”, Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, амният ва якпорчагии сомонаҳои фанноварии Кохи Сафед яке аз авлавиятҳои мутлақи давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст ва ба ҳамин далел истифодаи коркунон аз ҳама дастгоҳҳои шахсӣ мамнӯъ хоҳад шуд. Ӯ афзуд, кормандони давлати Амрико аз ин пас кори худро бо телефонҳои ҳамроҳе, ки давлат ба онон хоҳад дод, анҷом медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин бархе мақомҳои Амрико, аз ҷумла Боб Коркер, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати ин кишвар таъкид карда буд, бояд Доналд Трампро аз телефони ҳамроҳаш дур кард. Доналд Трамп, ки шахсан ҳисоби “Твиттер”-и худро идора мекунад, борҳо гуфтааст, ки ҳузур дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ нақши босазое дар пирӯзии ӯ доштааст.

Паёмҳои твиттерии Доналд Трамп илова бар ин ки дар дохили Амрико ҷанҷолҳои зиёде ба роҳ андохта, сабаби бурузи таниш дар равобити Амрико бо дигар кишварҳо низ шудааст.