Мусалмонон дар соли 2040 дувумин гурӯҳи мазҳабии пурҷамъияти Амрико мешаванд
Як гузориши ҷадид пешбинӣ кардааст, мусалмонон то соли 2040 табдил ба дувумин гурӯҳи мазҳабии пурҷамъияти Амрико мешаванд.
Ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира”, Маркази пажӯҳишии Pew дар мутолиае нишон додааст, дар соли 2017 беш аз 3.4 миллион мусалмон дар Амрико зиндагӣ мекардаанд, ки 1.1 дарсад аз маҷмӯи ҷамъияти ин кишварро ташкил медодаанд.
Бино ба ин гузориш, дар ҳоли ҳозир теъдоди ҷамъияти яҳудиёни Амрико аз мусалмонон дар ин кишвар бештар аст ва онҳо дувумин гурӯҳи мазҳабии пурҷамъияти Амрико маҳсуб мешаванд, аммо то соли 2040 ин раванд тағйир хоҳад кард, зеро суръати рушди ҷамъияти мусалмонон дар Амрико хеле бештар аз рушди ҷамъияти яҳудиён аст.
Гузориш шуда, ки мизони рушди пайравони дини Ислом дар Амрико бо нархи миёнгин ҳудуди 100 ҳазор дар сол рушд меёбад, ки иллаташ муҳоҷирати мусалмонон ба Амрико ва нархи борварии бештар миёни ин гурӯҳ аст.
Бо ин вуҷуд, масеҳиён бо фосилаи зиёде ҳамчунон бузургтарин гурӯҳи мазҳабии пурҷамъият дар Амрико хоҳанд буд, ки чизе наздик ба 71 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.