Январ 06, 2018 18:43 Asia/Dushanbe
  • Чин бузургтарин харидори гази Осиёи Марказӣ дар соли 2017

Чин дар соли гузаштаи милодӣ аз тариқи хатти лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ-Чин», 38.7 миллиард метри мукааб гази кишварҳои Осиёи Марказиро харидорӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин миқдор газ харидорӣ шуда, 13.37 дарсад нисбат ба соли 2016 бештар аст.

Бар асоси ин гузориш, қисмати умдаи гази воридотии Чинро, гази табии Туркманистон ва Узбакистон ва қисмати андакеро низ гази Қазоқистон ташкил додааст.

Бар асоси ин гузориш, кишварҳои Осиёи Марказӣ 15 дарсади гази мавриди ниёзи Чинро таъмин мекунанд.

Чин бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти хосси ҷуғрофиёӣ, муҷовират бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавонмандиҳои иқтисодӣ ва санъатӣ, дар ҳоли густариши ҳузури худ дар бозори энержии кишварҳои ин минтақа, бавижа Туркманистон аст.

Пекин дар чанд соли ахир, эътиборҳои молӣ ва тасҳилоти бонкии баландмуддати фаровонеро барои хариди таҷҳизоти санъатӣ ва тавлидии сохти ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла локомотив ва вагон, роёна, таҷҳизоти мухобиротӣ ва иртибототӣ, таҷҳизоти санъати нефту газ ва петрошимӣ, беҳдоштӣ ва сохтумонсозӣ дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Марказӣ, қарор додааст.

Ҳамчунин Чин тавонистааст бо ихтисоси миллиардҳо доллар эътибор, хатти лӯлаи гази ҳафт ҳазор километрии Туркманистон ба ин кишварро эҳдос ва роҳандозӣ кунад.