Сенатори рус: Талоши Амрико барои ҳамла ба Эрон дар ҳамаи ҷабҳаҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28055-Сенатори_рус_Талоши_Амрико_барои_ҳамла_ба_Эрон_дар_ҳамаи_ҷабҳаҳо
Франтс Клинтсевич муовини аввали кумитаи умури дифоӣ ва амнияти шӯрои федератсияи Русия эълом кард, Амрико талош мекунад аз ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҳимоят аз мӯътаризон гирифта то лағви тавофуқи ҳастаӣ ба Эрон ҳамла кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 07, 2018 08:07 Asia/Dushanbe
  • Сенатори рус: Талоши Амрико барои ҳамла ба Эрон дар ҳамаи ҷабҳаҳо

Франтс Клинтсевич муовини аввали кумитаи умури дифоӣ ва амнияти шӯрои федератсияи Русия эълом кард, Амрико талош мекунад аз ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҳимоят аз мӯътаризон гирифта то лағви тавофуқи ҳастаӣ ба Эрон ҳамла кунад.

Ба гузориши Спутник, Франтс Клинтсевич таъкид кард, зимнан иттиҳоди Русия, Эрон ва Туркия дар минтақа беш аз ҳар чиз Вашингтонро нигарон мекунад.

Ин сенатори рус дар вокуниш ба суханони Никки Ҳейли намояндаи Амрико дар Созмони Милал ҳам гуфт: Кӣ ба намояндаи Амрико дар Созмони милал ҳақ дода аз тарафи ҳамаи ҷаҳониён суҳбат ва ҳатто як кишвари мустақилро таҳдид кунад?

Никки Ҳейли ба мақомоти Эрон ҳушдор дода буд, ки ҷаҳониён дар робита бо ҳаракоти эътирозии феълӣ дар ин кишвар бо диққат муроқиби иқдомоти онҳо ҳастанд.

Франтс Клинтсевич афзуд: Акунун амрикоиҳо ба фикри бар сари ҷои худ нишондани Эрон ҳастанд, ки ахиран ҳам нақшофарини муҳиме дар Ховари Миёна шуда ва дар ниҳоят ҳадафи аслии Амрико аз байн бурдани иттиҳоди сеҷонибаи Русия, Эрон ва Туркия аст.

Ба ақидаи сенатори рус ҳеҷ кас дар Амрико фикр намекунад, ки Эрон, Ироқ ё Либия нест ва бар ҳам задани субот дар ин кишвар, Ховари Миёнаро ба таври қатъӣ мунфаҷир хоҳад кард.

Ба гуфта вай, Амрико барои хуруҷи Эрон аз ҳавзаи ҳуқуқӣ, ҳатто мехоҳад кулли дунёро бо як таҳрими якҷониба дар хусуси тавофуқи ҳастаӣ битарсонад. Ҳамаи ин нукотро метавон ҳокӣ аз ҳамла ба Эрон дар ҳамаи ҷабҳаҳо донист.

Франтс Клинтсевич дар бахши дигаре аз суханон худ зимни ишора ба талоши Амрико барои вуқӯи инқилоби рангин дар Эрон гуфт: Ҳеч кадом аз инқилобҳои рангин барои мардум хушбахтӣ ва рифоҳ ба бор наёварда ва фақат ҳомили дарду хун будааст.

Ӯ идома дод: Эрон пас аз инқилоби исломӣ авохири солҳои 70 мелодӣ, тоза дорад ба худ меояд ва инҳирофоти ҷиддии рухдода дар он замонро рафъ мекунад ва даргирии дохилии ҷадид метавонад паёмадҳои фоҷиаборе барои ин кишвар дошта бошад.

Ин мақоми рус таъкид кард, набояд барои Эрон музоҳимат эҷод кард, чунки ин кишвар бо оромиш масоили худро ҳал хоҳад кард.