Январ 08, 2018 15:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи расмии шумори талафоти артиши Амрико дар Афғонистон ва Ироқ

Вазорати дифои Амрико шумори низомиёни кушта ва маҷрӯҳи ин кишварро дар Афғонистон ва Ироқ, эълом кард.

Расонаҳои Афғонистон имрӯз (душанбе) ба нақл аз Вазорати дифои Амрико эълом карданд, аз соли 2001 милодӣ токунун ду ҳазору 263 низомии амрикоӣ дар ҷанги Афғонистон кушта ва беш аз 20 ҳазор низомии дигар захмӣ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, дар Ироқ низ беш аз чаҳор ҳазору 500 низомии амрикоӣ кушта ва беш аз 32 ҳазор низомии дигар захмӣ шуданд.

Охирин низомии амрикоӣ дар аввалин рӯзи соли 2018 дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон кушта шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 11 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд.