Деҳкадаи Порсиён дар Янчжоуи Чин
Дар ҳазор километрии ҷануби Пекин дар ҳумаи шаҳри Янчжоу, рустое вуҷуд дорад, ки беш аз 600 сол аст, рангу буи порсӣ дорад ва ба номи “Бусӣ ҷавон” ё деҳкадаи порсӣ маъруф аст.
Ба нақл аз Ирно, далели номгузории ин деҳкада ба номи деҳкадаи Порсиён бинобар таҳқиқоти маҳаллӣ ин аст, ки як қаҳрамони порсии сокини минтақа, ҳудуди 600 сол пеш барои наҷоти ҷону моли мардум аз дасти роҳзанон, мардуми русторо дар ҷанг алайҳи онон раҳбарӣ кард ва дар ин роҳ ҷони худро аз даст дод.
Мардум низ ба манзури ёдбуди ин қаҳрамони бузурги шаҳид деҳкадаро деҳкадаи Порсиён ном ниҳоданд ва рудхонаеро, ки пайкари қаҳрамонро ба коми худ гирифт низ “рудхонаи Бусӣ” яъне рудхонаи порсӣ номиданд.
Дар соли 1994 давлати маҳаллӣ сангнавиштаеро, ки дар он достони порсиён нақл шудааст, ба манзури дӯстии ду миллат дар деҳкада қарор дод.