Трамп озмоиши санҷиши саломат медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28139-Трамп_озмоиши_санҷиши_саломат_медиҳад
Раисҷумҳури Амрико маҷбур шуд, таҳти фишори афкори умумӣ ва расонаҳои ин кишвар дар хусуси фиқдони салоҳияти равонии вай, ба озмоиши саломати равон тан бидиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Трамп озмоиши санҷиши саломат медиҳад

Раисҷумҳури Амрико маҷбур шуд, таҳти фишори афкори умумӣ ва расонаҳои ин кишвар дар хусуси фиқдони салоҳияти равонии вай, ба озмоиши саломати равон тан бидиҳад.

Ба нақл аз Дейли Телеграф, Доналд Трамп қарор аст, ҷумъаи оянда дар маркази пизишкии низомии Волтер Ред дар Вашингтон Дӣ Сӣ озмоиш бидиҳад.

Қарор аст, натоиҷи озмоиши саломати равони Трамп дар ихтиёри умум қарор гирад ва вай умедвор аст, бо ин озмоиш битавонад ба шоеот дар бораи фиқдони саломати равонаш поён диҳад.

Масъалаи мушкилоти равонии Трамп дар чанд рӯзи гузашта ба дунболи интишори китоби ҷанҷолии “Оташ ва хашм, даруни Кохи Сафеди Трамп” ба шиддат густариш ёфтааст ба тавре, ки тардиди мақомҳои Аврупоро ҳам дар бораи сиҳҳати ақлӣ ва равонии раисҷумҳури Амрико афзоиш додааст.

Бо интишори китоб, эҳтимоли руҷуъ ба бахши бисту панҷуми Қонуни асосии Амрико ва барканори вай низ ҷиддӣ шудааст.

Ин бахш муқаррар медорад дар сурате, ки муовини раисҷмҳур ва аксарияти кобина ташхис диҳанд, ки раисҷумҳур шоистагии лозимро барои иҷрои вазоифаш надорад, имкони барчидани ӯ аз мансабш вуҷуд дорад.