Таъкиди Урупо ба адами имкони лағви раводид барои шаҳрвандони Туркия
Раиси Кумиссияи Урупо бори дигар эълом кард, танҳо дар сурате ки Анкара ҳама талаботро риоят кунад, ба шаҳрвандони Туркия иҷозаи сафари бидуни раводид ба кишварҳои Урупо дода мешавад.
Ба гузориши хабаргузори "Рейтерез", Жан Клод Юнкер рӯзи шанбе дар нишасти солонаи Кумиссияи Урупо дар Австрия гуфтааст, сафари бидуни раводид, ки бахше аз тавофуқномаи мудирияти раванди муҳоҷират аст, танҳо дар сурате аз аввали октябр ба иҷро хоҳад даромад, ки ҳама талаботи Иттиҳоди Урупо аз ҷониби Туркия риоя шавад. Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хорҷии Туркия авоили моҳи ҷорӣ гуфта буд, агар Иттиҳоди Урупо аз моҳи октябр ба шаҳрвандони Туркия иҷозаи сафари бидуни раводид ба Урупо надиҳад, ҳукумати ин кишвар кӯмак ба ин иттиҳодро дар заминаи ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳҷӯёну муҳоҷирон ба ин қора мутаваққиф мекунад.
Танишҳо дар ҳоле байни Туркия ва Иттиҳоди Урупо боло гирифтааст, ки пас аз табаддулоти нофарҷом дар Туркия даҳҳо ҳазор нафар боздошт ва теъдоди бисёре аз кор барканор шуданду ин раванд ҳамчунон идома дорад. Бо вуҷуди таъкиди Иттиҳод Урупо ба лағви ҷазои эъдом Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия чанде пеш гуфт, дар сурате ки парлумони ин кишвар ҷиҳати дубора роҳандозӣ кардани ҷазои эъдом раъйи мусбат диҳад, ӯ низ ин мавзӯъро таъйид хоҳад кард. Пас аз ин пешниҳод идомаи раванди боздоштҳо ва ҷазоҳои эъмолшуда мавзӯи пайвастани Анкараро ба Иттиҳоди Урупо ба чолишҳои ҷиддитар рӯ ба рӯ кардааст. Ин дар ҳолест, ки раиси Кумиссияи Урупо низ эълом кард, наметавон аз қонунҳои мубориза бо терроризм барои зиндонӣ кардани равшанфикрон, донишмандону хабарнигорон истифода кард, зеро ин маънӣ ва мафҳуми ҷанг бо терроризмро надорад. Брюссел аз Туркия хостааст, қонунҳои мубориза бо терроризмашро муътадил кунад, аммо Анкара ин тақозоро рад карда, муътақид аст, ин қонунҳо барои ҷанг бо ДИИШ ва шибҳинизомёни курд ҳаётӣ мебошанд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоле ин танишҳо идома дорад, ки ба назар мерасад, Иттиҳоди Урупо барои контроли буҳрони паноҳҷӯён бояд музокирот ва равобиташро бо Анкара идома диҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 5,3 миллион нафар паноҳҷӯ дар Туркия дар кампҳои иқоматӣ зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки ин кишвар яке аз кишварҳои муҳим дар мавзӯи мубориза бо гурӯҳҳои қочоқи инсон ба Урупост. Аз ин рӯ, ба назар мерасид, мақомоти Анкара бо таваҷҷуҳ ба ин шароит ба хостаҳои худ исрор меварзанд. Аз сӯйи дигар чигунагии идомаи равобит бо Туркия ва пойбандӣ ба тавофуқи суратгирифта ба мавзӯи мавриди ихтилоф дар миёни сарони кишварҳои Иттиҳоди Урупо низ табдил шудааст. Бархе аз мақомоти кишварҳои узви Иттиҳоди Урупо, чун Олмон муътақид ба идомаи музокирот бо Туркия ҳастанд ва бо радди дархости қатъи ҳамкориҳо бо ин кишвар идомаи гуфтугӯҳо ва пойбандӣ ба тавофуқотро танҳо роҳҳали контроли паноҳҷӯёну ҷилавгирӣ аз вурудшон ба марзҳои Урупо медонанд. Дар муқобил бархе дигар аз мақомоти ин иттиҳод муътақиданд, Урупо худ бояд аз марзҳояш муҳофизат кунад ва ҳеҷ имтиёзе низ ба дигар кишварҳо чун Туркия надиҳад. Ба гуфтаи ин мақомот, дар сурати эҷоди як системаи муштараки ҳимоят аз марзҳои Урупо мавзӯи паноҳҷуён қобили контрол аст. Дар шароити кунунӣ ба назар мерасад, алорағми ниёзи тарафайн ҳар яке дар садади талош барои гирифтани имтиёзоти бештар аст.
Туркия ба лағви раводиди сафар ба Иттиҳоди Урупо барои шаҳрвандони худ ҳамчунон таъкид дорад, дар ҳоле ки мақомоти Урупо муътақиданд, Анкара барои расидан ба ин ҳадаф роҳи душворе дар пеш дорад ва вазъи феълӣ муносиб нест. Бар асоси мувофиқатномаи марбут ба оворагон, ки миёни Иттиҳоди Урупо ва Туркия ба имзо расид, пеш аз лағви раводиди шаҳрвандони Туркия барои сафар ба Иттиҳоди Урупо 72 меъёр бояд амалӣ шавад, ки акнун натанҳо ин меъёрҳо амалӣ нашудааст, балки бархӯрди феълӣ бо омилҳои табаддулот ва шаҳрвандони ин кишвар ояндаи мубҳамеро рақам задааст, ки танҳо гузашти замону таҷдиди назари тарафайн дар мавзеъгириҳояшон метавонад бунбасти корро бишиканад.