Тавофуқи ду Корея барои баргузории гуфтугӯҳои низомӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28195-Тавофуқи_ду_Корея_барои_баргузории_гуфтугӯҳои_низомӣ
Кореяи Ҷанубӣ хабар дод, тайи тавофуқе бо Кореяи Шимолӣ қарор шуд, ду кишвар барои коҳиши таниш дар шибҳиҷазираи Корея гуфтугӯҳои низомӣ баргузор кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 09, 2018 16:34 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ду Корея барои баргузории гуфтугӯҳои низомӣ

Кореяи Ҷанубӣ хабар дод, тайи тавофуқе бо Кореяи Шимолӣ қарор шуд, ду кишвар барои коҳиши таниш дар шибҳиҷазираи Корея гуфтугӯҳои низомӣ баргузор кунанд.

Ба гузориши “Спутник”, ду Корея ҳамчунин тавофуқ карданд, гуфтугӯҳое дар сатҳи боло барои афзоишу беҳбуди ҳамкории дуҷониба дар ҳама заминаҳо дошта бошанд. Ҳамчунин пеш аз ин қарор шуда буд, хати телефони низомӣ миёни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ аз рӯзи чаҳоршанбе дубора барқарор шавад.

Имрӯз ҳайатҳои ин ду кишвар дар минтақаи ғайринизомии марзӣ дидор ва тавофуқ карданд, ки як гурӯҳ аз варзишкорони Кореяи Шимолӣ барои ширкат дар олимпии замистона ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кунанд.