Январ 11, 2018 12:09 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши забони форсӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон

270 донишҷӯ ва донишомӯз дар шаҳри Боку-пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳҳои мухталифи таҳсилӣ, машғули фарогирии забон ва адабиёти форсӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон аз Боку, ройзани фарҳангии сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Аз ин теъдод 120 нафар ба унвони донишҷӯ дар бахши забон ва адабиёти форсии донишгоҳи давлатии Боку таҳсил мекунанд.

Асғари Форсӣ афзуд: 150 нафар ҳам ба унвони донишомӯз дар синфҳои ройзании фарҳангии Эрон дар Боку машғули фарогирии забон ва адабиёти форсӣ ҳастанд.

Забон ва адабиёти форсӣ дар бархе донишгоҳҳои давлатии ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар, ба унвони дарси ихтиёрӣ ё иҷборӣ дарс дода мешавад.