Январ 11, 2018 17:06 Asia/Dushanbe
  • Ислом дар Амрико ба зуддӣ аз яҳудият пеш меафтад

Таҳқиқҳо нишон медиҳад, то ду даҳаи дигар Ислом, дуввумин дини бузурги Амрико хоҳад шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, маркази таҳқиқотии “Pew Research Center” эълом кардааст, ки мусулмонон то соли 2040 дуввумин гурӯҳи мазҳабии Амрико хоҳанд шуд.

Акнун дини яҳуд пас аз масеҳият бештарин пайравонро дар Амрико дорад ва дуввумин дини бузург дар ин кишвар аст.

Таҳқиқот ҳамчунин нишон медиҳад, ки инак се миллиону 450 ҳазор нафар мусулмон дар Амрико зиндагӣ мекунанд, ки ин рақам дар даҳаи гузашта, ду миллиону 350 ҳазор нафар буд.

Бар асоси таҳқиқоти маркази амрикоии “Pew”, то соли 2050 низ теъдоди мусулмонони Амрико ба ҳашт миллиону 100 ҳазор нафар мерасад, ки беш аз ду баробари теъдоди кунунӣ аст.

Ин гузориш меафзояд, шаҳрвандони Эрон ва Покистон ба таври маъмул ҷомеаи муҳоҷирони мусулмони Амрикоро шакл додаанд, аммо дар солҳои ахир муҳоҷирони сурӣ ва яманӣ низ ба Амрико ворид шудаанд.

Пешбинӣ мешавад, ҳар сол 100 ҳазор мусулмон вориди Амрико шаванд.

Дар таҳқиқи Муассисаи “Pew” мушаххас шуд, ки дар Вашингтон ва Ню-Ҷерси бузургтарин ҷомеаи мусулмонони Амрико, сокин ҳастанд.