Январ 11, 2018 21:18 Asia/Dushanbe
  • Чин барои Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон пойгоҳ месозад

Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон аз пойгоҳсозии Чин, барои артиши Афғонистон дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Давлат Вазирӣ рӯзи чаҳоршанбе бо эъломи ин хабар, гуфт, Чин ин пойгоҳи низомиро барои артиши Афғонистон дар вилояти Бадахшони ин кишвар месозад.

Вай афзуд, тавофуқ барои сохти ин пойгоҳ дар сафари ахири Ториқшоҳ Баҳромӣ, вазири дифои Афғонистон ба Пекин ва дидор бо Чан Ван Куанг ҳамтои чинии вай, сурат гирифтааст.

Чан Ван Куанг дар ин дидор аз тамоюли Пекин барои афзоиши равобити низомӣ бо Афғонистон ва ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм ва масоили амниятӣ, хабар дода буд.

Чанде пеш низ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба марзи муштараки тӯлонии ин кишвар бо Афғонистон гуфта буд, кишвараш дар муқобили ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон бетафовут нест.

Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ борҳо нигаронии худро аз густариши ноамнӣ дар Афғонистон, иброз кардаанд.