Тавҳини аҷиби Трамп ба Гаитӣ ва кишварҳои африқоӣ
(last modified Fri, 12 Jan 2018 12:01:36 GMT )
Январ 12, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Тавҳини аҷиби Трамп ба Гаитӣ ва кишварҳои африқоӣ

Раисҷумҳури Амрико бо баёни ибораи тавҳиномезе хостори таваққуфи пазириши муҳоҷир аз Гаитӣ ва кишварҳои африқоӣ шуд.

“Рейтерз” ба нақл аз ду манбаи огоҳ, ки нахостанд номашон фош шавад, гузориш дод, Доналд Трамп дар ҷаласае дар бораи тадвини Қонуни муҳоҷирати ҷадиди Амрико кишварҳои африқоиро "касофатхона" номид.

Трамп дар ин ҷаласа ҳангоме ки Дик Дурбин (Dick Durbin) ва Линдзи Граҳам (Lindsey Graham), ду намояндаи Сенат дар ҳоли ироаи гузорише ба ӯ дар бораи лоиҳаи тозатанзимшудаи муҳоҷират буданд, алфози тавҳиномези бесобиқаеро бар забон овард. Ин ду манбаи огоҳ ба “Рейтерз” гуфтаанд, Трамп ҳамчунин афзудааст: «Амрико чаро бояд аз кишварҳое назири Гаитӣ ва кишварҳои африқоӣ муҳоҷир бипазирад? Балки бояд афроди бештареро аз Норвегия дошта бошад».

Пол Алитидор (Рol Аltidore), сафири Гаитӣ дар Амрико изҳороти кӯбандаи Доналд Трампро зидди кишвараш маҳкум карда, тавзеҳи расмии раисҷумҳури Амрикоро дар ин замина хостор шуд. Иллиана Росс Лейтин (Elliana Ross Leitin), узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико низ дар “Твиттер” навишт: “Тавҳин ба Гаитӣ бетаваҷҷӯҳӣ ба хадамоти муҳоҷирони ин кишвар ба Амрикост”. Бо вуҷуди ин интиқодҳо Кохи Сафед рӯзи ҷумъа бидуни такзиби хабари изҳороти Трамп дар баёнияе эълом кард: «Баъзе аз сиёсатмадорон дар Вашингтон мудофеи манофеи кишварҳои дигар ҳастанд, вале Трамп ҳамеша барои мардуми Амрико меҷангад».