Вокуниши СММ ба суханони тавҳиномези Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28347-Вокуниши_СММ_ба_суханони_тавҳиномези_Трамп
Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид изҳороти тавҳиномези раисҷумҳури Амрикоро алайҳи мардуми Гаитӣ ва миллатҳои африқоӣ нажодпарастона ва шармовар донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 12, 2018 15:50 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши СММ ба суханони тавҳиномези Трамп

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид изҳороти тавҳиномези раисҷумҳури Амрикоро алайҳи мардуми Гаитӣ ва миллатҳои африқоӣ нажодпарастона ва шармовар донист.

Ба гузориш “Рейтерз”, Руперт Колвилл (Rupert Colville), сухангӯи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба тавҳини Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба кишварҳои африқоӣ ва муҳоҷирон гуфт, тавҳини Трамп ба кишварҳои африқоӣ ва Амрикои Лотинӣ нажодпарастона ва шармовар аст. Колвилл дар баёнияе изҳор дошт: «Масъала фақат лаҳни кӯчагӣ (Трамп) нест. Масъалаи аслӣ роҳ додан ба бадтарин хӯи башар ва машрӯият бахшидан ва ташвиқи нажодпарастию бегонаҳаросӣ аст».

Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе дар изҳороти тавҳиномез Гаитӣ ва кишварҳои африқоиро «касофатхона» хонда, таваққуфи вуруди муҳоҷир аз ин кишварҳо ба Амрикоро хостор шуд.