Январ 14, 2018 20:02 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи эътирозот ҳамзамон бо вуруди Нетаняҳу ба Ҳинд

Ҳамзамон бо вуруди Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Деҳлии Нав, тазоҳуркунандагони муътаризи ҳиндӣ одамакҳои Нетаняҳуро ба оташ кашиданд.

Ба гузориши Ассошиатед Пресс, ҳамзамон бо эътирозоти шаҳрвандони ҳиндӣ, нахуствазири режими саҳюнистӣ имрӯз бо ҳадафи густариши равобити дуҷониба вориди Деҳлии Нав шуд .

Вазорати умури хориҷаи Ҳинд эълом кард: Дар сафари 6 рӯзаи Бенямин Нетаняҳу ба Ҳинд, интизор меравад, дутараф мувофиқатномаҳоеро дар заминаҳои фазоӣ, энержӣ ва амнияти сайберӣ ва ҳамчунин тавлиди филм имзо кунанд .

Интизор меравад, масъулони дутараф тавофуқоти имзошуда дар сафари июли соли гузаштаи Нарендра Муди, нахуствазири Ҳинд ба манотиқи ишғолшударо иҷроӣ кунанд.

Мубодилоти тиҷории Ҳинду режими саҳюнистӣ аз соли 1992 ба ин сӯ, аз 200 миллион доллар ба чаҳор миллиарду 160 миллион доллар дар сол афзоиш ёфтааст .

 

Барчасп