Ҳамлаи муҳоҷимони ниқобдор ба мадрасае дар Русия
Январ 15, 2018 17:10 Asia/Dushanbe
Мақомҳои Русия аз вуруди ду муҳоҷими ниқобдору мусаллаҳ ба чоқу ба сохтмони як мадраса ва маҷрӯҳ кардани 9 нафар хабар доданд.
Ба нақл аз Раша Тудей, мақомоти маҳаллии шаҳри перми Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса дастикам ҳашт донишомӯз ва як муаллимро маҷрӯҳ карданд .
Вазъи ҷисмии як донишомӯз ва як муаллими захмӣ, вахим гузориш шуда ва ин ду таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифтаанд .
Бино бар эъломи полиси маҳаллӣ, муҳоҷимон дастгир шудаанд ва ангезаи онон аз ин кор дар ҳоли баррасӣ аст .