Январ 16, 2018 13:12 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 21 узви ДИИШ дар шарқи Афғонистон

Сухангӯи вилоятдори Нангарҳор аз ҳалокати даҳҳо узви гуруҳи такфирии ДИИШ дар шарқи Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Шин Ҳува,  Атоуллоҳ Хугиёӣ гуфт: Дар ҳамлаи ҳавоии шаби гузаштаи неруҳои амниятии Афғонистон алайҳи махфигоҳҳои ДИИШ дар минтақаҳои Очин ва Шерзод-и вилояти Нангарҳор 21 узви ин гуруҳ кушта шуданд.

Вай афзуд: Дар ин ҳамлаҳо ҳамчунин миқдоре силоҳ ва муҳиммоти гуруҳи террористи  ДИИШ нобуд карда шуд.

Ҷасади ду саркардаи гуруҳи такфирии ДИИШ ба номҳои Усмон ва Аббос дар миёни кушташудагон аст.

Вилояти Ҳилманд аз вилоятҳои ноамни ҷануби Афғонистон аст, ки бештари аъзои Толибон ва ДИИШ дар он мустақар ҳастанд.