Нигаронии намояндагони Маҷлиси Афғонистон аз пахши шабнома дар ҳимоят аз ДИИШ
Ду тан аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон бо ибрози нигаронӣ аз пахши шабнома дар ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳристони Багроми вилояти Парвон, ба ин амр вокуниш нишон доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Ғуломмуҳиддини Мунсиф ва Муҳаммад Ҳасани Ҳутак эълом карданд, нерӯҳои амниятӣ бояд монеи интишори ин шабномаҳо шаванд.
Афроде ношинос ин шабномаҳоро ба нафъи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳристони Багроми вилояти Парвон пахш карда буданд.
Пеш аз ин низ ҳомиёни гурӯҳи террористии ДИИШ шабномаҳои мушобеҳе дар вилоятҳои Нангарҳор, Ғазнӣ, Лугар ва Хуст пахш карда буданд.
Шӯрои вилоятии Нангарҳор ва шуморе аз аъзои Маҷлиси санои Афғонистон ҳушдор додаанд, дар сурате, ки бо фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин манотиқ муқобила нашавад, фаъолиятҳои ин гурӯҳ дар Кобул ва вилоёти шарқии Афғонистон густариш хоҳад ёфт.